21.08.2019

ШАРТНОМАИ ИҶОРА: НАМУНА

ШАРТНОМАИ ЗЕРИҶОРА

№02                                                                                                                    аз «19» августи 2019 с.

 

Шаҳрванд Алиев Орзу Амрохонович истиқоматкунандаи ш. Душанбе н. Шоҳмансур, кучаи Айнӣ, хонаи №38, ҳуҷраи 55, (РМА:035091925), ки минбаъд «Иҷорадеҳ» номида мешавад аз як тараф ва

 ҶДММ «Спитамен Орс» воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони А. Сино, бинои 4, РЯМ №0410029923, РМА №040051033 дар шахсияти Директор Табарова Мавҷигул Негматовна, ки минбаъд «Иҷорагир» номида мешавад ва дар асоси Оиннома амал мекунад Шартномаи мазкурро бо мазмуни зайл бастанд.

1.      МАТЛАБИ ШАРТНОМА

1.1.  Мутобиқи Шартномаи мазкур Иҷорадеҳ уҳдадор мешавад, ки Хонаи истиқоматӣ бо масоҳати 442 метри мураббаъ бо ҳавливу замини наздиҳавлигиаш ва бо баъзе ҷиҳози хона, ки минбаъд «Амволи ғайриманқул» номида мешаваду дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати Чортеппа, кучаи Сиёвуш, ҷойгир мебошад барои истифодабарии муваққатӣ ба Иҷорагир ба зериҷора пешниҳод намояд ва Иҷорагир бошад уҳдадор мешавад, ки мувофиқи шартҳои ҳамин Шартнома ва дар доираи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амволи ғайриманқулӣ дар ҳамин банд зикршударо бо мақсади ҳамчун «Боғчаи бачагона» истифода намудан, қабул намояд.

2.      УҲДАДОРӢ ВА ВАКОЛАТҲО

2.1.  Иҷорадеҳ уҳдадор ва ваколатдор аст:

2.1.1.      Амволи ғайри манқуле, ки дар банди 1.1-и ҳамин шартнома зикр шудааст то санаи 20-уми сентябри соли 2019-ум аз истифодаи истиқоматии шахсӣ пурра озод намуда калидҳои дару дарвозаи онро ба Иҷорагир супорад;

2.1.2.      Дар лаҳзаи супоридан, Амволи ғайриманқул бояд ба талаботҳои санитарию гигиенӣ ва техникӣ ҷавобгӯй бошад;

2.1.3.      Ҷиҳоз, таҷҳизот, мебел ва дигар дороиҳое, ки дар макони Амволи ғайри манқул қарор доранду ба Иҷорагир барои истифода дода мешаванд тибқи санади алоҳида номбар намуда дар он ҳолатҳояшонро навишта  супорад;

2.1.4.      Уҳдадориҳои комуналӣ ва ҷумла пардохти ҳаққи истифодаи барқ инчунин  андозро барои давраи то санаи 1-уми октябри соли 2019-ро пура худ пардохт намояд; 

2.1.5.      Аз лаҳзаи ба имзо расидани шартномаи мазкур ба шаҳрвандоне, ки ҳамчун мизоҷони потенсиалии Иҷорагир баромад менамояд ҷиҳати аз назар гузаронидани Амволи ғайри манқул дар рузҳои истироҳатӣ, монеъа эҷод накунад;

2.1.6.      Ҳолати истифодаи Амволи ғайриманқулро дар дилхоҳ сана санҷад ва дар ҳолати мавҷуд будани эърод, ки аз доираи шартҳои шартномаи мазкур асос мегиранд, хаттӣ баён намояд;

2.2.  Иҷорагир уҳдадор ва ваколатдор аст:

2.2.1.      Ҳаққи истифодаи Амволи ғайриманқули зериҷорабударо дар муҳлату ҳаҷми дар ҳамин шартнома навишташударо ба Иҷорадеҳ супорад;

2.2.2.      Аз лаҳзаи қабули Амволи ғайри манқул аз Иҷорадеҳ масъалаи истифодаашро ҳамин тавр ба роҳ монад, ки зарар ба бинои истиқоматӣ ва молу амволи дар он қарордошта зарари ҷиддӣ набинанд;

2.2.3.      Дар ҳолати зарари ҷиддӣ расонидан ба Амволи ғайриманқул аз ҷумла ҳангоми шикастану вайрон кардан товони зарарро ба Иҷорадеҳ супорад ва ё мавриди барқарор кардани зарар саривақт чораандешӣ намояд;

2.2.4.      Пардохтҳои комуналӣ, ҳаққи истифодаи барқ ва андозро барои давраи иҷора мустақилона худ ба ниҳодҳои марбута супорад;

2.2.5.      Бе розигии Иҷорадеҳ ҷиҳати тағйир намудани ҳолати техникии Амволи ғайриманқул кореро анҷом надиҳад;

2.2.6.      Дар ҳолатҳои пайдо шудани муаммо ва ё дигар ҳодисаҳои нохуш марбут ба Амволи зери иҷора қарордошта ба Иҷорадеҳ хабар диҳад;

2.2.7.      Аз санаи ба имзо расонидани шартномаи мазкур таблиғотро дар Васоити Ахбори Омма ҷиҳати кушодаву ба истифода дода шудани Боғчаи бачагон дар суроғаи Амволи ба иҷорагирифташаванда гузорад ва инчунин лавҳаҳои таблиғотиро дар назди бинои истиқоматии ин манзил гузорад;

2.2.8.      Асбобу анҷом ва ҷиҳози лозимаро ба макони Амволи зери иҷора мегирифта аз сани 21-уми сентябри соли 2019-ум оварда насб намуданро оғоз намояд ва таъмини нигаҳдории онро худ мустақилона чораандешӣ намояд;

2.2.9.      Таъмири ҷориро ба уҳдаи худ гирад;

2.2.10.  Ҳамагуна амалҳои барои бехатарии сухтор даркориро ба зиммаи худ мегирад;

 

3.      ҲАҚҚИ ИҶОРА ВА ҲИСОББАРОБАРКУНИҲО

3.1.1.      То санаи 20-уми сентябри соли 2019-ум Иҷорагир маблағи 5 000 (понздаҳ ҳазор) сомониро ба сифати пешпардохт барои истифодаи моҳи октябри соли 2019-ум ба Иҷорагир, пардохт менамояд;

3.1.2.      То санаи 1-уми октябри соли 2019-ум Иҷорагир маблағи 5 000 (понздаҳ ҳазор) сомониро ба сифати пешпардохт барои истифодаи моҳи ноябри соли 2019-ум ба Иҷорагир, пардохт менамояд;

3.1.3.      То санаи 5-уми ноябри соли 2019-ум Иҷорагир маблағи 5 000 (понздаҳ ҳазор) сомониро ба сифати пешпардохт барои истифодаи моҳи ноябри соли 2019-ум ба Иҷорагир, пардохт менамояд;

3.1.4.      То санаи 5-уми ҳар моҳи тақвимии солҳои 2020 ва минбаъда барои давраҳои зериҷрора дахлдошта маблағи 10 000 (бист ҳазор) сомонӣ Иҷорагир ба Иҷорадеҳ медиҳад. 

4.      МуҲалАТИ АМАЛИ ШАРТНОМА

4.1.1.      Оғози амали расмии шарнома аз санаи 1-уми октябри соли 2019-ум эътироф карда мешавад агар маблағи ҳаққи иҷора мувофиқи банди 3.1.1.-и ҳамин шартнома иҷро шуда бошад;

4.1.2.      Муҳали амали шартнома дар муддати 3-соли тақвимӣ яъне то 1-уми октябри соли 2022-ум дониста мешавад.

4.1.3.      Бо гузашти муҳлати шартнома агар ҳеҷ яке аз тарафҳо шикояту эътирозе надошта бошанд, муҳлати иҷроиши ин шартнома метавонад бемуҳлат шуморида шавад;

 

5.      Ҳолатҳои қатъ шудани шартнома:

5.1.1.      Дар ҳолати иҷро нашудани муҳлатҳои саривақтии пардохти ҳаққи иҷора;

5.1.2.      Ҳангоми риоя накардани як ё якчанд шартҳои шартномаи мазкур аз ҷониби Иҷорагир ё Иҷорадеҳ;

5.1.3.      Агар бо сабаби асоснок яке аз тарафҳо нисбати қатъ намудани шартнома ташаббус намоянд пас муҳалти амалкунии шартнома аз лаҳзаи хаттӣ огоҳ шудан дар муддати 60-рӯзи тақвимӣ, эътибор дорад;

 

6.      ТАРТИБИ ҲАЛЛИ БАҲСҲО:

6.1.1.      Ҳамаи баҳсҳои ҷойдошта оиди иҷроиши шартҳои Шартномаи мазкур бо роҳи созиши Тарафҳо ҳал карда мешавад ва дар ҳолати зарурӣ метавонад дар ин шартнома тағйиротҳои лозима ворид карда шавад;

6.1.2.      Дар сурати ба созиш нарасидани тарафҳо ҳамаи баҳсҳо бо роҳи Судӣ ҳал карда мешаванд.

7.      Надпись: ИҶОРАДЕҲ:
Каримов Қурбонали Бозорович  

Шаҳри Душанбе, 
Ноҳия Шоҳмансур, 
кучаи Айнӣ, 
хонаи №3, ҳуҷраи 5, РМА:03509532.

__________________  аз 19.08.2019с.
        (Имзо)

Надпись: ИҶОРАГИР:
ҶДММ «Спитамен ОРс»
Шаҳри Душанбе, 
хиёбони А. Сино, бинои 40,
РЯМ №0410029921, 
РМА №040051034
Телефон: +992-501-999888
Директор Сиём

__________________  аз 19.08.2019с.
        (Имзо ва муҳр)
СУРОҒА

08.12.2019
Обзор Таджикского рынка инвестиций в недвижимость Рынок инвестиций в сферу недвижимости показывает рост уже третий год кряду. Этой «трехлетке» предшествовала стагнация связанная с кризисом разразившемся по обе стороны Атлантики и Тихого океана в 2015 году. В 2019 году тенденция к росту усилилась, в основном за счет прихода новых крупных игроков и освоению пригорода Душанбе и Худжанда.

somon.tj недвижимость в Таджикистане Душанбе, Худжанд

Обзор Таджикского рынка инвестиций в недвижимость Рынок инвестиций в сферу недвижимости показывает рост уже третий год кряду. Этой «трехлетке» предшествовала стагнация связанная с...

Читать

ШАРТНОМАИ ИҶОРА: НАМУНА

Мутобиқи Шартномаи мазкур Иҷорадеҳ уҳдадор мешавад, ки Хонаи истиқоматӣ бо масоҳати 442 метри мураббаъ бо ҳавливу замини наздиҳавлигиаш ва бо баъзе ҷиҳози хона, ки минбаъд « Амволи ғайриманқул »...

Читать

Продажа квартир в Душанбе: 1-комнатные, 2-х, 3, 4, 5 по низким ценам. Хона, Хавли,

Читать