06.02.2019

Тартиби ҷуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани китъаи заминҳо аз гардиш

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби ҷуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани қитьаи заминҳо аз гардиш

Мутобиқи моддаи 43 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Тартиби ҷуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани қитъаи заминҳо аз гардиш, меъёрҳои ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ вобаста ба гирифтани замин аз истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқи замимаи 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.

2) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳангоми тасдиқи ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда ва тақсимоти онҳо аз рўи категорияҳо, киштзорҳо ва заминистифодабарандагон то 1 январи соли оянда шохиси таљйирёбии меъёрҳои ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзиро ҳисоб намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намоянд.

3) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2000, № 515 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби ҷуброни зарари заминистифодабарандагон ва талафоти истеҳсолоти кишоварзӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабрн соли 2011 № 641

ш. Душанбе


Замимаи 1

Ба қарори Хукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" декабри соли 2011 № 641

тасдиқ шудааст

Тартиби ҷуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани китъаи заминҳо аз гардиш

1. Қоидаҳои умумӣ

1) Тартиби ҷуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани қитъаи заминҳо аз гардиш (минбаъд Тартиби мазкур) дар асоси Кодекси замин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

2) Тартиби мазкур ба ҳамаи гурўҳу намудҳои заминҳои кишоварзӣ паҳн мегардад.

3) Баҳодиҳии замин вобаста ба ҷуброни зарари заминистифодабарандагон ва талаф вобаста ба гирифтани замин аз гардиш ҳангоми гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ то гирифтани замин аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба амал бароварда мешавад.

4) Ҳангоми гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ тамоми зарар тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нархҳои бозорӣ баҳо дода шуда, бо дарназардошти ҷойгиршавии қитъаи замин ҳисоб карда мешавад.

5) Талафи истеҳсолоти кишоварзӣ вобаста ба гирифтани замин аз гардиш аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо замини кишоварзӣ бо мақсади ғайрикишоварзӣ дода мешаванд, ҷуброн карда мешавад.

2. Ҷуброни зарари заминистифодабарандагон

6) Товони зарари ба заминистифодабарандагон расонидашуда дар ҳаҷми пурра дар мавридҳои зерин ҷуброн карда мешавад:

- гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои муқарраргардидаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- маҳдуд кардани ҳуқуқи заминистифодабаранда дар алоқамандӣ бо муқаррар кардани реҷаи махсуси ҳуқуқии истифодаи замин.

7) Ҳангоми баҳодиҳии зарари ба заминистифодабаранда расонидашуда ба инобат гирифта мешаванд: - арзиши хароҷоти барасмиятдарории ҳуқуқи истифодаи замин;

- арзиши молу мулки ғайриманқули дар қитъаи замин ҷойгир буда, бо дарназардошти дарахтону буттаҳои мевадиҳанда, муҳофизатӣ ва дигар дарахтони бисёрсола;

- арзиши истеҳсолоти анҷомнаёфта, ки мувофиқи меъёрҳои муқарраргардидаи коркард ва нархи онҳо муайян карда шудааст (шудгор, нуриандозӣ, кишт ва корҳои дигар); - арзиши ҳосили ғундоштанашудаи зироатҳои кишоварзӣ;

- зарарҳои ба заминистифодабаранда расонидашуда бо сабаби пеш аз мўҳлат қатъ шудани ўҳдадориҳое, ки мутобиқи шартнома муайян карда шудаанд.

8) Ҳангоми муайян намудани зарари молу мулки ғайриманқул ва дигар кору хизматрасониҳо, ки дар натиҷаи гирифтани қитъаи замин ё муваққатан банд кардани он расонида мешавад, аз тарафи нархгузор инҳо ба эътибор гирифта мешаванд:

- арзиши хонаҳои истиқоматӣ, иншооти таъиноти маданию маишӣ, биноҳои истеҳсолӣ ва молу мулки дигаре, ки дар қитъаи замини гирифташаванда ё муваққатан банд кардашуда ҷойгиранд ва молу мулке, ки берун аз ҳудуди қитъаи замини гирифташаванда ҷойгир аст, агар истифодаи ин иншоот аз рўи мақсад дар оянда ғайриимкон бошад;

- ниҳолҳо ва буттаҳои мевадиҳанда, инчунин корҳои иҷронамудаи заминистифодабаранда ва маблағи барои парвариши он ниҳолҳо сарфшуда тибқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пешниҳодшуда;

- хароҷот барои тайёр кардани хок, шинондани ниҳол ва нигоҳубини он, дигар намуди корҳо; - хароҷот барои хариди ниҳолҳо;

- хароҷот барои истеҳсол, харид ва истифодабарии моддаҳои агрокимиёвӣ;

- арзиши истеҳсолоти ба анҷом нарасида (шудгор, нуриандозӣ, кишт, нигоҳубини зироатҳо ва дигар намуди корҳо), инчунин арзиши тухмии киштшуда, моддаҳои агрокимиёвӣ ва ғайра, ки ба замин истифода бурда шудаанд;

- маблағи сарфкардаи заминистифодабарандагон вобаста ба корҳои таъмиру барқароркунии иншооти мелиоративие, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохта, ба ҳисоби онҳо ба тариқи ройгон гузаронида шудаанд.

9) Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо қитъаи замин дода мешавад, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи нархгузор арзиши онро ҷуброн менамоянд ё ба ҷои арзиши молу мулки ғайриманқул дар ҷойи нав молу мулки баробарарзиш месозанд.

10) Дар вақти гирифтан ё муваққатан ишғол кардани қитъаи замин, ки дар натиҷаи он кори иншоотҳои гидротехникӣ, шабакаҳои роҳсозӣ, зидди бодлесӣ, зидди сел қисман ё пурра вайрон карда шудааст, ҳаҷми зарари расонидашуда ба заминистифодабаранда бо тартиби муқарраргардида муайян карда мешавад ва ё бар ивази ин иншоотҳо сохтмони иншооҳои нав ё таъмири иншоотҳои мавҷуда муқаррар карда мешавад.

11) Ҳангоми муайян кардани зарар сарфи барқарор кардани сифати заминҳои сифаташон бадшуда, хароҷот барои гузаронидани татқиқоти таркиби хок, агрохимиявӣ ва дигар тадқиқоту ҷустуҷўҳои махсус, иҷро кардани лоиҳаҳо ва арзиши чорабиниҳо ба назар гирифта мешавад, ки барқарор гаштани сифати заминро таъмин менамояд.

12) Қитьаҳои замине, ки онҳоро зироатҳои кишоварзӣ ишғол кардаанд, аз рўи қоида баъди ҷамъоварии ҳосил ба заминистифодабарандагони нав дода мешаванд. Дар мавридҳои алоҳида ҳангоми додани қитъаи замин пеш аз ҷамъоварии ҳосил, арзиши он, бо дарназардошти иҷрои тадбирҳои асосии агротехникӣ то лаҳзаи дода шудани қитъаи замини мазкур, оид ба коркарди зироати кишоварзӣ ва ба инобатгирии ҳосилнокии миёнаи он бо нархҳои бозорӣ ҷуброн карда мешавад.

13) Зарари дар натиҷаи қатъ шудани истифодаи манбаъҳои обтаъминкунии бамиёномада (чоҳ, ҳавз ва ғайра) аз рўи арзиши бозории сохтмони ҳамин гуна манбаъҳои обтаъминкунии нав муайян карда мешавад.

14) Дар мавридҳое, ки ҳангоми гирифтани қитъаи замин зарурати гузаронидани заминсозии байнихоҷагӣ ва дохилихоҷагӣ, ҳамчунин тартиб додани лоиҳаи сохтмони маҳалҳои аҳолинишин муқаррар гардад, хароҷот барои гузаронидани ин корҳо аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба гирифтани замин манфиатдоранд, пешбинӣ карда мешавад.

3. Ҷуброни зарари шаҳрвандон

15) Товони зарари шаҳрвандон бо асосҳои пешбининамудаи боби 2-и Тартиби мазкур ҷуброн карда мешавад.

16) Ҳангоми вайрон кардани молу мулки шаҳрвандон вобаста ба гирифтани қитъаҳои замин ба шаҳрвандон маблағи молу мулки вайронкардашуда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)" пардохт карда мешавад ё бо хоҳиши шаҳрвандон аз тарафи шахси манфиатдор ҳамин гуна молу мулк пешниҳод карда мешавад.

17) Агар ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаи замин бо сохтмонҳои дар он ҷойгиршудаи шаҳрвандон дода шавад, арзиши онҳо аз ҳисоби шахсони манфиатдор ҷуброн карда мешавад.

18) Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо қитъаи замин дода шудааст, арзиши ниҳолу буттаҳои бисёрсолаи шаҳрвандон ва арзиши киштҳои обчакориро бо нархҳои бозорй ҷуброн менамоянд.

19) Ҳангоми гирифтани қитъаҳои замин, ки барои бунёди боғу обчакорй дода шудаанд, ҳамчунин заминҳое, ки дар истифодаи шаҳрвандон қарор доранд, хароҷоти зерин аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷуброн карда мешавад: - арзиши бино, сохтмон ва дигар иншоотҳои дар қитъа мавҷудбуда;

- арзиши хароҷоти истифоданашуда (шудгор, нуриандозӣ, кишт ва дигар корҳо).

4. Ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ

20) Бо мақсади азхудкунии замини нав ба ивази замини гирифташудаи истеҳсолоти кишоварзӣ, инчунин таъминоти зарурии дараҷаи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо барои сохтмон ва дигар эҳтиёҷҳо замин дода мешавад, талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ҷуброн карда мешавад (Санад замима мегардад).

21) Талафи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷуброн карда мешавад, ки ба онҳо қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ дода шуда, минбаъд бо мақсадҳои ғайрикишоварзӣ истифода карда мешавад.

22) Ҳангоми барои истифодаи бемўҳлат гирифтани заминҳои таъиноти кишоварзӣ талафи истеҳсолоти он дар ҳаҷми пурра ва дар вақти истифодаи мўҳлатнок бо шарти барқароркунӣ ва беҳдошти замини вайроншудаи эҳтиёҷоти кишоварзӣ ҷуброн карда мешавад.

23) Дар вақти гузаронидани қабати ҳосилхези хок ба киштзори каммаҳсул ё бемаҳсул аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки қитъаи замин ба онҳо дода мешавад, талаф бо дарназардошти маблағи барои барқарор кардани киштзор харҷшуда ҷуброн карда мешавад.

24) Андозаи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба маълумоти шахси манфиатдор ба он, ки қитъаи замин ба ў дода шавад, расонида шуда, бо розигии ў бо санад тасдиқ карда мешавад.

25) Барои муайян намудани миқдори талафи истеҳсолоти кишоварзӣ маводи нақшавию картографӣ, лоиҳаҳои заминсозӣ, тадқиқоти таркиби хок, кадастри замин ва мониторинги замин истифода карда мешаванд.

26) Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи моддаи 45 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ озод карда мешаванд.

5. Тартиби муайян кардани зарари заминистифодабарандагон ва талафи истеҳсолоти кишоварзӣ

27) Зарари заминистифодабарандагон ва талафи истеҳсолоти кишоварзӣ, ки ба гирифтани қитъаи замин ё муваққатан банд кардани он алоқаманд аст, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз тарафи заминистифодабаранда муайян карда мешавад.

28) Талафи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷониби кумитаҳои заминсозӣ дар маҳалҳо бо иштироки заминистифодабарандагон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба гирифтани замин манфиатдоранд, муайян гардида, санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор мавриди баҳодиҳӣ қарор дода мешавад.

29) Аз руи натиҷаи кор бо нишон додани ҳаҷми пурраи ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ санад таҳия гардида, бо имзо ва мўҳри тарафҳо тасдиқ карда мешавад.

30) Товони зарари заминистифодабаранда дар ҳолатҳои зерин пардохт карда намешавад:

- пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба молу мулки ғайриманқул;

- пешниҳод накардани маълумоти дақиқ оид ба молу мулки ғайриманқул.

31) Ихтилофи ҷонибҳо оид ба муайян намудани ҳаҷми талафи истеҳсолоти кишоварзӣ бо тартиби судӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

6. Тартиби истифодаи маблағҳо вобаста ба ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ

32) Маблағҳои барои ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ пешбинигардида ба суратҳисоби махсуси хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд ва тартиби истифодаи онҳо аз ҷониби Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

33) Маблағҳои барои талафи истеҳсолоти кишоварзӣ таъиншуда, ки истифода нагардидаанд, гирифта намешаванд ва соли оянда аз рўи таъиноти мақсаднок истифода мешаванд.

34) Маблағҳои барои талафи истеҳсолоти кишоварзӣ воридшуда барои маблағгузории чорабиниҳои зерин истифода бурда мешаванд:

- аз худ кардани заминҳои нав;

- беҳтар кардани ҳолати иншоотҳои гидротехникӣ, ҳолати мелиоративии заминҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок;

- гузаронидани корҳои заминсозӣ (аз ҷумла муайян ва барқарор кардани марзи қитъаҳои замин дар маҳал, тартиб додани нақша ва тарҳкашии онҳо, таъминоти техникии хадамоти заминсозии давлатӣ);

- гузаронидани чорабиниҳои зидди эрозияи хок;

- анҷоми тадқиқотҳои топографӣ-геодезӣ, кайҳонӣ, картографӣ, барўйхатгирӣ, хокӣ, баҳодиҳӣ ва дигар корҳои тадқиқотӣ бо мақсади гузаронидани кадастр ва мониторинги замин; - назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин.

35) Маблағгузории корҳои тадкиқотӣҷустуҷўӣ мувофиқи санадҳои лоиҳавию сметавӣ барои барқарор кардан ва беҳдошти замин амалӣ гардонида мешавад.

36) Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи банди 34 Тартиби мазкур, бо дарназардошти пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба идораҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо намудани маблағ барои маблағгузории ин чорабиниҳо дар ҳудуди

сметаи хароҷоти тасдиқшуда дархост пешниҳод намуда, хароҷоти маблағи ҷудогардидаро мувофиқи тартиби муқарраргардида дар доираи талаботи санадҳои меъёрӣ амалӣ менамояд.

37) Фармоишгари иҷрои корҳои дар банди 34 Тартиби мазкур зикргардида Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

38) Назорати иҷрои чорабиниҳои дар банди 32 ва 34 Тартиби мазкур зикргардида ва сари вақт ворид гаштани маблағҳо барои ҷуброни истеҳсолоти кишоварзӣ аз тарафи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо амалӣ карда мешавад.

Ниг.ба Замимаи 2


 

                                            Замимаи 2

                                            Бо қарори Ҳукумати

                                            Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                            аз "30" декабри соли 2011

                                            № 641 тасдиқ шудааст

 

   Меъёрҳои пардохти талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиши

      кишоварзӣ, дар қисмати минтақаҳои кадастрии шаҳру ноҳияҳои

                         Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(сомонӣ /гектар)

 

+---+---+-------------   -----+--------------------------------------ҷ

|р\т|р\т|Номгуи минтақаҳои    |        Заминҳои кишоварзӣ            |

|   |   |Кадастрӣ  ва шаҳру   +------------+-------------------------|

|   |   |ноҳияҳо              |Обӣ         |             лалмӣ       |

|   |   |                     +------------+------------+------------+

|   |   |                     |корам ва    |корам ва    |алафзор ва  |

|   |   |                     |ниҳолҳои    |ниҳолҳои    |чарогоҳ     |

|   |   |                     |бисёрсола   |бисёрсола   |            |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|1  | 2 |         3           |     4      |    5       |     6      |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|1  |Суғд (бе гурўҳи ноҳияҳои |35742       |3499        |1732        |

|   |Зарафшон)                |            |            |            |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |1  |Ашт                  |35685       |3499        |1545        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |2  |Бобоҷон Ғафуров      |35735       |3572        |1732        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |3  |Ғончӣ                |15099       |3648        |1919        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |4  |Зафаробод            |41851       |3499        |1545        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |5  |Ҷаббор Расулов       |42373       |3882        |1919        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |6  |Исфара               |39507       |3499        |2125        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |7  |Конибодом            |39447       |3499        |1713        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |8  |Мастчоҳ              |41537       |4113        |1545        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |9  |Спитамен             |43108       |4113        |1545        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |10 |Истаравшан           |16144       |3881        |2125        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |11 |Шаҳристон            |11650       |3341        |1919        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|1-а|Гурўҳи ноҳияҳои Зарафшон |72323       |5751        |1732        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |1  |Айнӣ                 |68923       |5785        |1545        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |2  |Кўҳистони Мастчоҳ    |68923       |5785        |1545        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |3  |Панҷакент            |75471       |5713        |1919        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|2   Ҳисор                    |46626       |10976       |2445        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |1  |Душанбе              |42025       |10760       |2562        |

+---+---+---------------------+------------+------------+------------+

|   |2  |Варзоб               |33709

02.03.2024
Риэлтерские услуги в столице Таджикистане (городе Душанбе) предоставляется со стороны сотни риелторов, но 95% из них это однодневные агенты недвижимости, у которых нет офиса, достаточного опыта или специальной образование. Только 5% из риелтор имеют официальную регистрацию в Налоговом, имеют команду агентов которые десятки лет работают в области купли продажи недвижимости, аренды, оценки, консультации, рекламы, посреднические услуги.   
05.01.2022
Мир недвижимости или как таджикском говорят «Олами хонахо» может быть очень напряженным как в Таджикистане – столице Таджикистана так и во всех городах и странах мирах. Без смущения, прерывателя не существует. По сути, агентство недвижимости служит посредником при продаже жилья в том числе дома и квартир между продавцом и покупателем. Как мы работаем с этими компаниями и как вы можете помочь им с вашей ситуацией. Если вы хотите стать профессионалом в этой области, проконсультируйтесь с нашим мастером по управлению недвижимого имущества.

Риелторские услуги Душанбе (Таджикистан)

Риэлтерские услуги в столице Таджикистане (городе Душанбе) предоставляется со стороны сотни риелторов, но 95% из них это однодневные агенты недвижимости, у которых нет офиса, достаточного опыта...

Читать

Мир недвижимости – Олами хонаҳо (Агентство - риелторские услуги в Душанбе – Таджикистане)

Мир недвижимости или как таджикском говорят «Олами хонахо» может быть очень напряженным как в Таджикистане – столице Таджикистана так и во всех городах и странах мирах. Без...

Читать

Realtor.tj - Для чего нужен риелтор в Таджикистане или г. Душанбе?

К счастью, у агентов по недвижимости есть более интересная часть, чем административная тема, мы имеем в виду коммерческие функции, то есть чистую и простую продажу. Эта часть обычно является...

Читать